Маҷаллаи илмии «Навиди илм»-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷалла мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони мактабҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат ва кишварҳои дуру наздик ба нашр мерасанд.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол 4 шумора ба нашр мерасонад. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарҷ мегарданд, мувофиқат менамоянд. Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешкаш мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводҳои гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.
Бойгонии электронии маҷалла ва дигар маълумоти лозима оид ба он дар сомонаи расмии маҷалла дастрас мебошад.
Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 34 нафар доктори илм иборат мебошанд, ки онҳо кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ҳастанд. Ҳамаи аъзои ҳайати таҳририя мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанг аз 17 апрели соли 2025 №410/МҶ-97 ба қайд гирифта шудааст.
Copyrights © 2018 All Rights Reserved. Powered by breaktime.